Муовини сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон Маҳбуба Камолова бар ин назар аст, ки Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) обрӯву нуфузи худро аз даст додааст.
Зимни шарҳи ҷараёни рушд ва фаъолияти аҳзоби сиёсии кишвар тайи солҳои ахир Камолова
дар мусоҳиба ба АМИТ «Ховар»
изҳор намудааст, ки интихобкунандагон тасаввуроту дархост ва боварии худро нисбат Ҳизби коммунист ва ба барномаи он аз даст додаанд.
«Дар ибтидо интихобкунандагон зери таъсири ҳасрат (носталгия) аз замони шӯравӣ, ба ҳизби коммунист боварӣ ва эътимод доштанд, вале бо гузашти вақт, хусусан баъд аз ба имзорасии сулҳ ва ворид шудани мамлакат ба давраи нав – давраи созандагиву ободкорӣ, ин ҳизб тадриҷан обрӯ ва эътибори худро аз даст дод. Шумораи ҷонибдорону пайравон ва аъзои он ба маротиб кам гардид», – иброз доштааст ӯ.
Дар идома вай қайд кардааст, ки аз як тараф бефаъолиятии худи ҳизб, набудани ҳамдигарфаҳмӣ дар сатҳи роҳбарӣ, аз тарафи дигар барои ҷомеа бегона будани таълимоти коммунистӣ боиси он гардид, ки мардум, интихобкунандагон тадриҷан ба ҳизби коммунисти Тоҷикистон ҳамчун ба нерӯи сиёсӣ умеду боварии худро қатъ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков чунин мешуморад, ки чунин «таҳлилгарон»-и навпайдо ҳатто ба посух гуфтан ҳам шоиставу сазовор нестанд.
«Ба ин гуна шахсоне, ки аз таърихи ватани худ огаҳӣ надоранду ба хотири нафъи худ ба бадномкунии як гурӯҳи мукаммали одамон омодаанд, посух гуфтанро зарур намешуморам», – иброз дошт ӯ.
Исмоил Талбаков зикр кард, ки маҳз ба туфайли Ҳизби коммунист бо гузашти қариб ҳазор сол тоҷикон соҳиби давлат шуда, «аз як гӯшаи қафомондаи аморати Бухоро ба ҷумҳурии мутараққӣ табдил ёфт».
Муовини раиси Ҳизби коммунист фармоишӣ будани интишори мусоҳибаи Камолова дар АМИТ «Ховар»-ро аз эҳтимол дур намедонад. «Аммо ҳатто агар ин маводи фармоишӣ бошад ҳам, фармоишгарро лозим буд, ки шахси бештар саводноктареро ҷалб кунад», – қайд кард ӯ.
Ба Камолова муовини раиси Ҳизби коммунист шинос шудан бо таърихи Тоҷикистон «ҳадди ақал тайи 70 соли ахир»-ро тавсия дод.
Дар робита ба натиҷаҳои интихобот дар Тоҷикистон тӯли даҳсолаи ахир ӯ кутоҳакак чунин иброз дошт: «Ба ҳама маълум аст, ки ин интихоботҳо чӣ гуна сурат гирифтанд».



