Ба нишасти хабарии ҲНИТ дар меҳмонхонаи «Шератон» иҷозат дода нашуд



Нишасти хабарии раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки имрӯз дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт пешбинӣ шуда буд, баргузор нагардид.

Ним соат пештар то оғози нишасти хабарӣ маъмурияти меҳмонхонаи «Шератон» ба раҳбарияти ҳизб занг зада, хабар додааст, ки ин чорабиниро бояд бекор кард, чунки дар меҳмонхона барқ хомӯш шудааст.

ҲНИТ дар ин меҳмонхона бо журналистон вохӯрӣ барпо карданӣ буд, зеро дафтари кории марказии ҳизб бо қарори Суди иқтисодии Душанбе муҳр зада шудааст. Дар бораи баргузории нишасти хабарӣ бо роҳбарияти меҳмонхона пешакӣ мувофиқа ҳосил шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, дар даромадгоҳи меҳмонхона ба журналистон изҳор намуданд, ки имрӯз дар ин ҷо конфронсҳои дигар низ баргузор мешаванд. «Агар шумо ба конфронси ҲНИТ омада бошед, он бекор шудааст, вале агар ба дигар конфронс омадаед, метавонед ворид шавед», – гуфтанд кормандони меҳмонхона.

Ба ҳар ҳол, раҳбарияти ҲНИТ имрӯз ин нишасти хабарии ваъдагӣ ба рӯзноманигоронро баргузор карданист. Он дар манзили раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, воқеъ дар назди Пивзавод доир мегардад.

Дар ин нишасти хабарӣ ба саволҳои журналистон муовинони раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ посух хоҳанд гуфт. Худи Кабирӣ айни замон дар хориҷи кишвар қарор дорад.

spot_imgspot_img

Популярное