Мукофотҳои давлатии президент ба тоҷикистониёни ба дастовардҳо ноилгардида

Ба муносибати ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти мамалакат ба як гурӯҳи шаҳрвандони кишвар, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, мукофотҳои давлатӣ тақдим мекунад. Маросими тақдими мукофотҳо рӯзи 28 август дар Кохи миллат баргузор мешавад. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, мукофотҳо давлатӣ ба олимону табибон, адибону варзишгарон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, […]

Аваз Юлдошев



Ба муносибати ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон президенти мамалакат ба як гурӯҳи шаҳрвандони кишвар, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, мукофотҳои давлатӣ тақдим мекунад. Маросими тақдими мукофотҳо рӯзи 28 август дар Кохи миллат баргузор мешавад.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, мукофотҳо давлатӣ ба олимону табибон, адибону варзишгарон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарпарастони шинохта ва дигар шаҳрвандони касбу кори гуногун тақдим карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, ба варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров президент ордени «Шараф»-ро тақдим мекунад. Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров рӯзи 23 август дар Чемпионати ҷаҳон

ба гирифтани медали нуқраи ин мусобиқот

шарафёб гардид.

Ба Дилшод Назаров ҳамчунин мукофотпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ низ супурда мешавад. Ҳамин тариқ Дилшод Назаров нахустин варзишгари тоҷик хоҳад шуд, ки ба

ҷоизаи пулии аз ҷониби президент таъсисдодашуда

соҳиб мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми маблағи ҷоизаи президенти мамлакат барои медали тилло дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ ба варзишгарони тоҷик 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ин пас барандагони медали нуқра бо 200 ҳазор ва медали биринҷӣ дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ бо 150 ҳазор сомонӣ қадр хоҳанд шуд. Ин маблағҳо аз ҳисоби Фонди Президенти мамлакат ҷудо мешавад.

Имрӯз Дилшод Назаров аз Чин ба ватан баргашт. Дар фурудгоҳ ӯро раҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва рӯзноманигорон пешвоз гирифтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.