Ба нишасти хабарии ҲНИТ дар меҳмонхонаи «Шератон» иҷозат дода нашуд

Нишасти хабарии раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки имрӯз дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт пешбинӣ шуда буд, баргузор нагардид. Ним соат пештар то оғози нишасти хабарӣ маъмурияти меҳмонхонаи «Шератон» ба раҳбарияти ҳизб занг зада, хабар додааст, ки ин чорабиниро бояд бекор кард, чунки дар меҳмонхона барқ хомӯш шудааст. ҲНИТ дар ин меҳмонхона бо журналистон вохӯрӣ барпо […]

ASIA-Plus



Нишасти хабарии раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки имрӯз дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт пешбинӣ шуда буд, баргузор нагардид.

Ним соат пештар то оғози нишасти хабарӣ маъмурияти меҳмонхонаи «Шератон» ба раҳбарияти ҳизб занг зада, хабар додааст, ки ин чорабиниро бояд бекор кард, чунки дар меҳмонхона барқ хомӯш шудааст.

ҲНИТ дар ин меҳмонхона бо журналистон вохӯрӣ барпо карданӣ буд, зеро дафтари кории марказии ҳизб бо қарори Суди иқтисодии Душанбе муҳр зада шудааст. Дар бораи баргузории нишасти хабарӣ бо роҳбарияти меҳмонхона пешакӣ мувофиқа ҳосил шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, дар даромадгоҳи меҳмонхона ба журналистон изҳор намуданд, ки имрӯз дар ин ҷо конфронсҳои дигар низ баргузор мешаванд. «Агар шумо ба конфронси ҲНИТ омада бошед, он бекор шудааст, вале агар ба дигар конфронс омадаед, метавонед ворид шавед», – гуфтанд кормандони меҳмонхона.

Ба ҳар ҳол, раҳбарияти ҲНИТ имрӯз ин нишасти хабарии ваъдагӣ ба рӯзноманигоронро баргузор карданист. Он дар манзили раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ, воқеъ дар назди Пивзавод доир мегардад.

Дар ин нишасти хабарӣ ба саволҳои журналистон муовинони раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ва Саидумар Ҳусайнӣ посух хоҳанд гуфт. Худи Кабирӣ айни замон дар хориҷи кишвар қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.