Ҳавопаймои хатсайри Маскав-Хуҷанд таъҷилан дар Самара фуруд омад

Ҳавопаймое, ки субҳи рӯзи панҷшанбе аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд, таъҷилан дар фурудгоҳи «Курумоч»-и шаҳри Самараи Русия фуруд омад. Директори шуъбаи ёрии таъҷилии тиббии шаҳр Евгений Гордон ба хабаргузории 63.ru дар ин робита иттилоъ додааст, ки зимни парвоз вазъи солимии яке аз мусофирзанони ҳавопаймо, ки амрози дил доштааст, бад шуда, 13 дақиқа […]

ASIA-Plus



Ҳавопаймое, ки субҳи рӯзи панҷшанбе аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд, таъҷилан дар фурудгоҳи «Курумоч»-и шаҳри Самараи Русия фуруд омад.

Директори шуъбаи ёрии таъҷилии тиббии шаҳр Евгений Гордон ба хабаргузории

63.ru

дар ин робита иттилоъ додааст, ки зимни парвоз вазъи солимии яке аз мусофирзанони ҳавопаймо, ки амрози дил доштааст, бад шуда, 13 дақиқа пеш аз нишастани ҳавопаймо гурӯҳи табибон дар фурудгоҳ ҳозир шудаанд.

Гуфта мешавад, баъди нишастани ҳавопаймо дар фурудгоҳ ба ин зан кумаки тиббӣ расонида шуда, сипас вақте ки зан аз дарди меъда ҳам шикоят мекунад, ӯро ба бемористон мебаранд. Ҳавопаймо бо 189 мусофир ба парвози худ идома додааст.

Дар ҳамин ҳол,

«Интерфакс»

  иттилоъ медиҳад, ки ҳавопаймои Airbus-321, ки дар фурудгоҳи шаҳри Самара таъҷилан фуруд омад, ба ширкати ҳавопаймоии «Сибир»-и Русия мутааллиқ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.