Рустам Раҳматзода муовини аввали раиси Суғд таъин шуд

Чанде қабл Раҳматзода Рустам Мирзо, собиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар мувофиқа бо президенти мамлакат муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин карда шуд. Раҳматзода Рустам Мирзо 7 майи соли 1963 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1985 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва 1994 донишгоҳи мазкурро бо ихтисосҳои муаллими фанни риёзӣ ва иқтисодчӣ […]

ASIA-Plus



Чанде қабл Раҳматзода Рустам Мирзо, собиқ раиси ширкати «Барқи тоҷик» дар мувофиқа бо президенти мамлакат муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин карда шуд.


Раҳматзода Рустам Мирзо

7 майи соли 1963 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1985 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва 1994 донишгоҳи мазкурро бо ихтисосҳои муаллими фанни риёзӣ ва иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба сифати муҳандис-барномасози маркази ҳисоббарории ҷумҳуриявии Кумитаи давлатии РСС Тоҷикистон оид ба таъминоти моддӣ ва техникии шаҳри Душанбе оғоз кардааст.

Солҳои 1988-1990 молшиноси калони муассиса доир ба таъминоти ангишти Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти моддӣ-техникӣ, солҳои 1990-1991 ин муассиса, солҳои 1991-1993 сармутахассиси шӯъбаи иқтисод ва молияи мудирияти корҳои кабинети Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1993-1995 сармутахассиси шӯъбаи иқтисод ва молияи мудирияти Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, cолҳои 1995-1996 cармутахассиси шӯъбаи иқтисодии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1996-2002 муовини сардори шӯъбаи молиёт, буҷа, назорати арзии Раёсати иқтисодиёти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2002-2006 муовини вазир – сардори Департаменти сиёсати саноати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва cолҳои 2006-2009 муовини раиси шаҳри Душанбе буд.

Мавсуф ҳамчунин дар вазифаҳои раиси ноҳияи Айнӣ ва ноҳияи Зафаробод фаъолият бурда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 5 июли соли 2014 то 26 августи соли 2015 дар вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» кор кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.