Зойирини шаҳри Хуҷанд ба сафари ҳаҷ омодаанд

Аз шаҳри Хуҷанд имсол 165 нафар сафари ҳаҷ мекунад. Бо мақсади раҳнамоӣ ва гусел Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо зоирин вохӯрд. Дар вохӯрии мазкур муовинони раиси шаҳр, Раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва намояндагони бахши дин иштирок карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хкҷанд, ҳамзамон Раиси шаҳр аз зоирин […]

ASIA-Plus



Аз шаҳри Хуҷанд имсол 165 нафар сафари ҳаҷ мекунад. Бо мақсади раҳнамоӣ ва гусел Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо зоирин вохӯрд. Дар вохӯрии мазкур муовинони раиси шаҳр, Раиси шӯрои уламои дини вилояти Суғд ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва намояндагони бахши дин иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хкҷанд, ҳамзамон Раиси шаҳр аз зоирин хоҳиш кард, ки ҳангоми аз сафари ҳаҷ баргаштан, дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия кардани ҷавонону наврасон саҳмгузор шаванд.

Сипас, ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода тамоми аркону қоидаҳои иҷрои ҳаҷро ба зоирин фаҳмонида, хоҳиш кард, ки ба 4 нафар роҳбаладе, ки онҳоро давоми сафар ҳамроҳӣ мекунанд, пайравӣ намоянд. Зеро, роҳбаладон дониши комили динӣ дошта, аз тамоми қоидаҳои ҳаҷ ва таърихи дини ислом бохабаранд.

Қобили зикр аст, ки имсол низ из Кумитаи дини ҷумҳурӣ тамоми зоиринро бо либоси ягона, ки рамзи Тоҷикистонро дорад ва ҷувздонҳои калони борбардор таъмин кард.

Зоирин санаи 1-уми сентябр аз фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара тариқи ҳавопаймоҳои ватанӣ парвоз мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки имсол 6 ҳазору 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба зиёрати макони муқаддаси Ислом мушарраф мегарданд. Арзи ҳаҷҷи имсолаи тоҷикистониён ҳудуди 23 ҳазор сомонӣ ё тақрибан 3 ҳазору 800 доллари ИМА мукаррар шудааст. Соли гузашта арзиши адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 18 ҳазору 165 сомонӣ ё худ 3 ҳазору 650 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, имсол ҳукуматдорони Тоҷикистон ба синнусоли зоирин низ маҳдудият ҷорӣ карданд ва шаҳрвандони синни то 35-сола аз ҳуқуқи адои маросими ҳаҷ маҳрум карда шуданд. Ҳадафи қабули ин қарорро «эҳтиром гузоштан ба афроди калонсолу пирон, ки орзуи зиёрати Хонаи Худоро доранд», шарҳ дода буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.