Ба ширкати «Барқи тоҷик» роҳбари нав таъин шуд



Рустам Раҳматзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» озод карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Мирзо Исмоилов Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик таъин гардида, Рустам Раҳматзода дар мувофиқа бо президенти мамлакат муовини якуми раиси вилояти Суғд таъин карда шуд.

Ҳамчунин Алиҷон Ғуломов аз вазифаи раиси суди ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинобар нисбати ӯ бароварда шудани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он озод карда шуд.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардид.

Ваколати судяи суди вилояти Суғд Қурбонова Фирӯза Тӯхтабоевна бинобар вафоташ қатъ карда шуд.

Нозирӣ Зокир Вализода аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо хоҳиши худ озод гардид.

spot_imgspot_img

Популярное