Мусоидати ИА ба ислоҳот дар соҳаи судии Тоҷикистон

Лоиҳаи «Платформаи волоияти ҳуқуқ ИА-сиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад, дар ҳамдастӣ бо Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар рушди ҳокимияти судӣ» дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ конфронси ҷумҳуриявӣ барпо кард. Тавре аз намояндагии Итттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон хабар доданд, конфронси мазкур намояндагони судҳои Тоҷикистон (Шўрои Судӣ, Суди […]

Иттилоияи расмӣ



Лоиҳаи «Платформаи волоияти ҳуқуқ ИА-сиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад, дар ҳамдастӣ бо Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар рушди ҳокимияти судӣ» дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ конфронси ҷумҳуриявӣ барпо кард.

Тавре аз намояндагии Итттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон хабар доданд, конфронси мазкур намояндагони судҳои Тоҷикистон (Шўрои Судӣ, Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, дастгоҳи Прократураи Генералӣ, Суди Олии Иқтисодӣ, аз ҷумла судяҳоро аз вилоятҳо), ҳамчунон мутахассисони аврупоиеро, ки муаррифиномаҳо-презентатсияҳоро дар хусуси масъалаҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳо пешниҳод менамоянд, гирдиҳам овард.

Конфронс имкони баррасӣ намудани масъалаҳои ҷорӣ ва доғи ислоҳоти судӣ, монеаҳо дар роҳи рушд ва ҳамчунон масъалаҳои аз «Барномаи ислоҳоти судӣ ва қонунӣ барои солҳои 2015-2017» бармеомадаро фароҳам овард. Барномаи кунунии давлатии ислоҳот ва нақшаи иловагии амалиёт имконияти муттаҳид намудани механизмҳои ҳалли муноқишаҳои қабл аз судӣ, беҳбудсозии минбаъдаи сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ, Суди Олии Иқтисодӣ ва дигар судҳо, ислоҳоти адлияи ювеналӣ, амалисозии қарорҳои судӣ ва дигар тадбирҳоро таъмин менамоянд.

Ташаббуси Стратегияи Волоияти Қонуни ИА барои Осиёи Миёна сохтори шомили минтақавиро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи Волоияти Қонун, ба мақсади дастгирӣ намудани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Осиёи Миёна ва дастрас намудани таҷрибаҳои ИА, дар бар мегирад.

Таҳти сарпарастии Ташаббуси Волоияти Қонун, лоиҳаи минтақавии Платформаи Волоияти Қонун ба сифати як механизми кўмакрасон ва дастгирикунанда дар самти бароҳандозии муколамаи сиёсӣ ва пешбурду мусоидат ба амалисозии тадбирҳо дар самти саҳмгузорӣ ба ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Миёна амал менамояд. Платформаи мазкур ҳоло аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо бо маблағи 1,8 миллион евро сармоягузорӣ карда мешавад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.