Роҳандозии ҷамъоварии маблағ барои духтари гулпарвари тоҷик дар шабака

Дар платформаи краудфандингии Gofundve барои духтари гулпарвари тоҷик Мунира Мирзоева, ки ба феҳристи зеботарин духтарони   лоиҳаи интернетии The Atlas of Beauty (Харитаи зебоӣ) шомил гардид, ҷамъоварии маблағ роҳандозӣ шуд. Саҳифа дар ин платформа барои Мунира Мирзоеваи 19-соларо Фарангис Сафарзода боз намудааст. Бино ба маълумоти зергуфта (пост)-ҳои монда дар ин саҳифа, то имрӯз барои ин […]

ASIA-Plus



Дар платформаи краудфандингии Gofundve барои духтари гулпарвари тоҷик Мунира Мирзоева, ки ба феҳристи зеботарин духтарони  


лоиҳаи


интернетии The Atlas of Beauty (Харитаи зебоӣ) шомил гардид, ҷамъоварии маблағ роҳандозӣ шуд.


Саҳифа

дар ин платформа барои Мунира Мирзоеваи 19-соларо Фарангис Сафарзода боз намудааст. Бино ба маълумоти зергуфта (пост)-ҳои монда дар ин саҳифа, то имрӯз барои ин духтар беш аз 800 доллари ИМА маблағ ҷамъоварӣ шудааст.

Фарангис Сафарзода менависад, Мунира духтари наврасест, ки бо кори гулпарвариаш ба ҳафт нафар аъзои оилааш кумак мекунад. «Ӯ ҳамеша орзу доштааст, ки табиб шавад, вале вазъи молиявии ӯ ба ин имкон намедиҳад. Ман барои ӯ ҷамъоварии маблағро ташкил карданиам, чунин фикр дорам, маълумот доштан барои ин духтари ҷавон муҳим аст. Мо барои ба таҳсил фиристодан ва ҷомаи амал пӯшидани орзуи ӯ маблағи кофӣ ҷамъоварӣ мекунем», – қайд мекунад Фарангис.

Ӯ аз корбарони саҳифа даъват кардааст, ки ба Мунира барои ҷомаи амал пӯшидани орзуяш кумак кунанд.

Ёдрас мекунем, ки духтари гулпарвари тоҷик Мунира Мирзоева

ба феҳристи зеботарин духтарони лоиҳаи интернетии The Atlas of Beauty (Харитаи зебоӣ)

шомил гардид. Акси яке аз зеботарин духтарони шаҳри Душанберо муаллифи лоиҳаи The Atlas of Beauty, аксбардор аз Руминия Михаэла Норок гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Радабандии ҷаҳонии футзал аз ФИФА: Тоҷикистон се мавқеъ поин рафт

Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.