Дар маҷмӯъ 30 соли зиндон ба низомиёни руси гунаҳкор ба қатли таксирони тоҷик

Рӯзи 26 август дар Душанбе нисбати хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки ба қатли таксирони тоҷик Рустам Тешабоев гумонбар дониста мешуданд, ҳукм содир шуд. Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор эътироф гардида, ба муҳлатиҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд, ки муҳлати ҷазоро дар Русия адо мекунанд. […]

ASIA-Plus



Рӯзи 26 август дар Душанбе нисбати хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ки ба қатли таксирони тоҷик Рустам Тешабоев гумонбар дониста мешуданд, ҳукм содир шуд.

Хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор эътироф гардида, ба муҳлатиҳои зиёди маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуданд, ки муҳлати ҷазоро дар Русия адо мекунанд.

Хизматчии ҳарбӣ Федор Басимов ба 17 соли зиндони низомаш шадид ва низомии дигар Илдар Сахапов ба 13 соли зиндон ва боз 1 соли маҳдудият дар озодӣ маҳкум шуданд.

Қаблан айдоркунандаи давлатӣ

аз суд дархост намуд

, ки судшавандагон Сахапов ба 14 ва Басимов ба 18 соли зиндон маҳкум карда шаванд. Мурофиаи судӣ пушти дарҳои пӯшида дар қаламрави пойгоҳи низомӣ дар Душанбе баргузор шуд.

Ёдрас мекунем, ки 

нимашаби рӯзи 19-уми августи соли гузашта

 дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» ҷасади Раҳимҷон Тешабоев бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт шуда буд. Басимов аз таксирон 50 ҳазор рубл қарздор буда, вале маблағро баргардонида натавонист. Аз ин рӯ бо ҳамхизматаш маслиҳат карда, назди кӯл дар деҳаи Чимтеппа Р. Тешабоевро мекушанд.

Баъдан раҳбарияти пойгоҳи низомии 201 изҳор дошт, ки ҳардуи ин хизматчии ҳарбӣ рӯҳан беморанд ва онҳоро барои ташхис ба шаҳри Екатеринбурги Русия фиристод. Зимни ташхис маълум шуд, ки онҳо солиманд ва ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.