Боздошти корманди комиссариати ҳарбии Хоруғ ба гумони нашъаҷаллобӣ



Зимни як амалиёти муштараки кормандони Хадамоти гумрук ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сарёвари комиссари ҳарбии шаҳри Хоруғ Шараф Седшоев боздошт шуд.

Дафтари матбуоти хадамоти гумрук дар шарҳи ин ҳодиса менависад, боздоштшуда ба маблағи 3 ҳазору 500 доллари ИМА аз шаҳрванди Афғонистон миқдори зиёди маводи мухаддир харида, онро барои интиқол додан ба шахри Душанбе ба шиносаш Сарвар Имомдодов медиҳад, ки ахирӣ маводи мухаддирро дар манзилаш дар пойтахт нигоҳ медоштааст.

Гуфта мешавад, Седшоев ва Имомдодов ҳангоми кӯшиши фурӯши маводи мухаддир боздошт шудаанд. Онҳо беш аз 14 кило маводи мухаддири ҳашишро дар чархҳои эҳтиётии автомашинаи тамғаи «Тойотоа Кемри» пинҳон карда будаанд.

spot_imgspot_img

Популярное