Дар ағбаи Анзоб автомашина ба чуқурии 200 метр сарозер рафт

Нимаи аввали рӯзи 26 август дар роҳи нақлиётгарди “Анзоб-Майхура” дар ағбаи “Анзоб”-и ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба чархи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи ронанда, марди 41-солаи сокини ш. Истаравшан бархӯрдааст, ки аз зарби он автомашина ба чуқурии 200 метр чаппа шудааст. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа, худи ронанда […]

ASIA-Plus



Нимаи аввали рӯзи 26 август дар роҳи нақлиётгарди “Анзоб-Майхура” дар ағбаи “Анзоб”-и ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба чархи автомашинаи тамғаи “Хундай-Портер”, таҳти идораи ронанда, марди 41-солаи сокини ш. Истаравшан бархӯрдааст, ки аз зарби он автомашина ба чуқурии 200 метр чаппа шудааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷа, худи ронанда ва мусофираш ҷавони 25-солаи сокини ш.Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, рӯзи 25 август ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Истаравшан-Хуҷанд”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба бетони канори рости роҳ бархӯрдааст, ки дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур марди 40-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати вазнини чисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.