Боздошти корманди комиссариати ҳарбии Хоруғ ба гумони нашъаҷаллобӣ

Зимни як амалиёти муштараки кормандони Хадамоти гумрук ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сарёвари комиссари ҳарбии шаҳри Хоруғ Шараф Седшоев боздошт шуд. Дафтари матбуоти хадамоти гумрук дар шарҳи ин ҳодиса менависад, боздоштшуда ба маблағи 3 ҳазору 500 доллари ИМА аз шаҳрванди Афғонистон […]

Аваз Юлдошев



Зимни як амалиёти муштараки кормандони Хадамоти гумрук ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сарёвари комиссари ҳарбии шаҳри Хоруғ Шараф Седшоев боздошт шуд.

Дафтари матбуоти хадамоти гумрук дар шарҳи ин ҳодиса менависад, боздоштшуда ба маблағи 3 ҳазору 500 доллари ИМА аз шаҳрванди Афғонистон миқдори зиёди маводи мухаддир харида, онро барои интиқол додан ба шахри Душанбе ба шиносаш Сарвар Имомдодов медиҳад, ки ахирӣ маводи мухаддирро дар манзилаш дар пойтахт нигоҳ медоштааст.

Гуфта мешавад, Седшоев ва Имомдодов ҳангоми кӯшиши фурӯши маводи мухаддир боздошт шудаанд. Онҳо беш аз 14 кило маводи мухаддири ҳашишро дар чархҳои эҳтиётии автомашинаи тамғаи «Тойотоа Кемри» пинҳон карда будаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.