Кумаки Бонки ҷаҳонӣ барои беҳбуди зербинои БМТ

Рӯзи 26 августи соли равон вохӯрӣ ва мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов бо роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картер, иқтисодчиёни ин бонк хонум Марина Баканова ва Равшан Собирзода баргузор гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла воқеаҳои охири иқтисодӣ […]

ASIA-Plus



Рӯзи 26 августи соли равон вохӯрӣ ва мулоқоти муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Умед Латифов бо роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картер, иқтисодчиёни ин бонк хонум Марина Баканова ва Равшан Собирзода баргузор гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла воқеаҳои охири иқтисодӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ: назаре ба масъалаҳои умумииқтисодӣ ва хавфҳо барои Тоҷикистон, сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, рушди бахши молиявӣ ва ҳолати татбиқи пешниҳодҳои Барномаи баҳодиҳии бахши молиявӣ барои соли 2015, пешниҳоди кӯмаки техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, намояндагони Бонки ҷаҳонӣ нисбати масъалаҳои баррасишуда, бахусус дар мавриди сатҳи ҳамкориҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатмандӣ изҳор намуданд. Аз ҷумла, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ қайд намуд, ки масъалаи расонидани кӯмаки техникӣ барои беҳтар кардани инфрасохтори Бонки миллии Тоҷикистон ҳаллу фасл карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.