Лоиҳаи «Платформаи волоияти ҳуқуқ ИА-сиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад, дар ҳамдастӣ бо Шӯрои адлияи Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар рушди ҳокимияти судӣ» дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ конфронси ҷумҳуриявӣ барпо кард.
Тавре аз намояндагии Итттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон хабар доданд, конфронси мазкур намояндагони судҳои Тоҷикистон (Шўрои Судӣ, Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, дастгоҳи Прократураи Генералӣ, Суди Олии Иқтисодӣ, аз ҷумла судяҳоро аз вилоятҳо), ҳамчунон мутахассисони аврупоиеро, ки муаррифиномаҳо-презентатсияҳоро дар хусуси масъалаҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва дигар кишварҳо пешниҳод менамоянд, гирдиҳам овард.
Конфронс имкони баррасӣ намудани масъалаҳои ҷорӣ ва доғи ислоҳоти судӣ, монеаҳо дар роҳи рушд ва ҳамчунон масъалаҳои аз «Барномаи ислоҳоти судӣ ва қонунӣ барои солҳои 2015-2017» бармеомадаро фароҳам овард. Барномаи кунунии давлатии ислоҳот ва нақшаи иловагии амалиёт имконияти муттаҳид намудани механизмҳои ҳалли муноқишаҳои қабл аз судӣ, беҳбудсозии минбаъдаи сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ, Суди Олии Иқтисодӣ ва дигар судҳо, ислоҳоти адлияи ювеналӣ, амалисозии қарорҳои судӣ ва дигар тадбирҳоро таъмин менамоянд.
Ташаббуси Стратегияи Волоияти Қонуни ИА барои Осиёи Миёна сохтори шомили минтақавиро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар соҳаи Волоияти Қонун, ба мақсади дастгирӣ намудани ислоҳоти ҳуқуқӣ дар Осиёи Миёна ва дастрас намудани таҷрибаҳои ИА, дар бар мегирад.
Таҳти сарпарастии Ташаббуси Волоияти Қонун, лоиҳаи минтақавии Платформаи Волоияти Қонун ба сифати як механизми кўмакрасон ва дастгирикунанда дар самти бароҳандозии муколамаи сиёсӣ ва пешбурду мусоидат ба амалисозии тадбирҳо дар самти саҳмгузорӣ ба ислоҳоти ҳуқуқӣ дар ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Миёна амал менамояд. Платформаи мазкур ҳоло аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо бо маблағи 1,8 миллион евро сармоягузорӣ карда мешавад.



