Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” – Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ, Лашкарбекова Елена Анатолевна ва Амонулло Саъдуллоев аз вазифа озод карда шуданд.
Тавре зикр гардид, ҳамчунин 50% кормандони дастгоҳи марказии ШСХК Барқи Тоҷик ихтисор карда шудааст.
Мутахассиси варзида ва ҷавони ин соҳа Исмоилов Мирзо Ибрагимович, ки ба вазифаи раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” таъин гардид, ба аъзои ҳукумат муаррифӣ карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти иқтисодию молиявии ШСХК Барқи Тоҷик шадидан изҳори нигаронӣ карда, аз роҳбарияти нави ширкат талаб намуд, ки сиёсати кадрӣ, пулию молӣ ва фуруши барқро ба низом дароранд.
Сафарзода Зафар сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Туйчизода Равшан муовини якуми директори генералии Корхонаи давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” таъин карда шуд.
Холдоров Олимҷон Ортиқович директори Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ таъин карда шуд.
Одинаева Бунафша Фатоевна аз вазифаи муовини вазири фарҳанг озод карда шуд ва аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ тасдиқ карда шуд.



