ҲНИТ аз мақомот боз кардани дафтари кориашро тақозо кард

Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз мақомот тақозо мекунад, ки ҳарчӣ зудтар дафтари кории ҲНИТ-ро боз намуда, монеъи фаъолияти рӯзмарраи як ҳизби сиёсӣ дар кишвар нагарданд. Раҳбарияти ҲНИТ дар манзили раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ нишасти хабарӣ баргузор намуда, дар он оид ба баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ изҳори назар шуд. Дар баёния ҳамчунин талаб карда мешавад, ки аз […]

ASIA-Plus



Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз мақомот тақозо мекунад, ки ҳарчӣ зудтар дафтари кории ҲНИТ-ро боз намуда, монеъи фаъолияти рӯзмарраи як ҳизби сиёсӣ дар кишвар нагарданд.

Раҳбарияти ҲНИТ дар манзили раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ нишасти хабарӣ баргузор намуда, дар он оид ба

баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ

изҳори назар шуд.

Дар баёния ҳамчунин талаб карда мешавад, ки аз амалҳои ғайриқонунӣ ва моломол аз асабонияту хушунат даст кашида, фазои сиёсиву иҷтимоии кишвар ба ҳолати табиӣ дар чорчӯби қонун ва фарҳанги сиёсӣ баргардонида шавад.

Шӯрои олии сиёсии ҳизб аз тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб барои устуворӣ ва суботашон дар муқобили ин ҳама зулм, фишор ва таҳдид миннатдорӣ баён намуда, барои онҳо дар идомаи роҳи интихобнамуда дар ҳама ҳолат ва шароит бурдборӣ мехоҳад.

«Риояи қонунҳои кишвар ва фарҳанги сиёсӣ, пойбандӣ ба усули ақидатӣ ва меъёрҳои ахлоқӣ ва дода нашудан ба ҳар гуна фитнаву дасиса дар чунин марҳилаи ҳасос аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар аъзо ва ҷонибдори ҳизб мебошад, ки бояд риоя шаванд. То ин марҳила Шумо дар муқобили зулму фишор пирӯз мондед ва оянда ҳам бо кӯмаки Худованд пирӯз хоҳед буд», – омадааст дар баёнияи ҳизб.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки бастани дафтари марказии ҲНИТ шоми 24-уми августи 2015 нишонаи равшани ворид гаштани кишвар ба як марҳилаи беҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳизбу созмонҳои гуногунандеш дар кишвар гаштааст, ки ҳар ниҳоди давлатӣ метавонад бо як амру фармони шифоҳии мақомоти боло дастури маҳдуд, бастан ва ҳабс карданро содир намояд.

«Чун натавонистанд, ҳизбро қабл аз анҷуман бо барномаҳои анҷомдодаашон фалаҷ намоянд ва вонамуд созанд, ки ҳизб худаш аз дохил пароканда гашту натавонист анҷуманро баргузор намояд, ночор даст ба чунин як амали ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ заданд, ки баёнгари шикасти комили тарҳҳои қаблӣ ва ноком гаштани ин барномаи зиддимиллӣ ва зиддидинӣ мебошад», – зикр мегардад дар баёния.

Ҳамчунин дар робита ба нишасти хабарие, ки

бояд дар меҳмонхонаи «Шератон» доир мегардид,

 қайд мешавад, ки «соати 1400 мебоист дар толори меҳмонхонаи “Shereton” нишасти матбуотии роҳбарияти ҲНИТ бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ баргузор мегардид, аммо пеш аз вақти муқарраршуда аз меҳмонхонаи мазкур иттилоъ доданд, ки азбаски барқ хомӯш шудааст, имкони иҷозати баргузории нишастро дода наметавонанд».

ҲНИТ маҷбур шуд, ки манзили раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро ҳамчун дафтари кории муваққатии худ интихоб кунад ва ба Вазорати адлия дар бораи суроғаи нави муваққатии худ хабар додааст.

Дар посух ба саволҳои журналистон муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ зикр кард, ки ҳизб ҳамаи кӯшишу талошҳои худро барои баргузории анҷумани таъиншуда дар рӯзи 15 сентябр равона месозад.

«Раҳбарият ҳизб алҳол баргузории намоиш ё аксияи эътирозиро дар нақша надорад. Мо то ҳанӯз ба ақли солим бовар дорем ва умедворем, ки бароямон барои баргузории анҷуман толор ҷудо мекунанд», – гуфт Ҳусайнӣ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.