Нигаронии президент аз фаъолияти «Барқи тоҷик»

Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” – Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ, Лашкарбекова Елена Анатолевна ва Амонулло Саъдуллоев аз вазифа озод карда шуданд. Тавре зикр гардид, ҳамчунин 50% […]

ASIA-Plus



Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовинони раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” – Исҳоқӣ Даврон Давлаталӣ, Лашкарбекова Елена Анатолевна ва Амонулло Саъдуллоев аз вазифа озод карда шуданд.

Тавре зикр гардид, ҳамчунин 50% кормандони дастгоҳи марказии ШСХК Барқи Тоҷик ихтисор карда шудааст.

Мутахассиси варзида ва ҷавони ин соҳа Исмоилов Мирзо Ибрагимович, ки ба вазифаи раиси ШСХК “Барқи Тоҷик” таъин гардид, ба аъзои ҳукумат муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти иқтисодию молиявии ШСХК Барқи Тоҷик шадидан изҳори нигаронӣ карда, аз роҳбарияти нави ширкат талаб намуд, ки сиёсати кадрӣ, пулию молӣ ва фуруши барқро ба низом дароранд.

Сафарзода Зафар сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳаллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Туйчизода Равшан муовини якуми директори генералии Корхонаи давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” таъин карда шуд.

Холдоров Олимҷон Ортиқович директори Корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ таъин карда шуд.

Одинаева Бунафша Фатоевна аз вазифаи муовини вазири фарҳанг озод карда шуд ва аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ тасдиқ карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.