Шукурҷон Зуҳуров ба Ню-Йорк рахсипор мешавад



Ҳайати парлумонии ҷумҳурӣ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров шоми имрӯз ба шаҳри Ню-Йорк раҳсипор мешавад. Дар ин ҷо намояндагони парлумони Тоҷикистон дар кори Конфронси чоруми умумиҷаҳонии раисони парлумонҳо ширкат меварзанд, ки то 5 сентябр идома меёбад.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба ҳайат раисони Кумтаҳои паатаи поёнии парлумон Олимҷон Салимзода, Абдураҳим Холиқзода ва вакил Дилшод Исматуллоев шомил шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, конфронси зикршуда дар қароргоҳи СММ таҳти раёсати президенти Иттифоқи ҷаҳонии байнипарлумонӣ Собир Чаудлхари доир мегардад.

Зимнан зикр гардид, ки раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 1 сентябр дар конфронс дар мавзӯи «Барқарории демократия ба сулҳу рушд мусоидат мекунад» маърӯза хоҳад кард.

spot_imgspot_img

Популярное