Табодули таҷриба миёни Тоҷикистону Туркия дар бахши фаъолияти МОИ

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия аз мавзӯъҳои асосии вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо ҳайати намояндагони Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Туркия таҳти роҳбарии Салиҳ Чичек маҳсуб меёфт, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум […]

ASIA-Plus



Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия аз мавзӯъҳои асосии вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо ҳайати намояндагони Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Туркия таҳти роҳбарии Салиҳ Чичек маҳсуб меёфт, ки дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорат, ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МО), ҷалби сармоягузорӣ ба ин минтақаҳо, гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба дар ин самт ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон чор минтақаи оходи иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» таъсис дода шудааст. Ҳаҷми умумии сармояи ҷалбшуда аз ҷониби ин минтақаҳо қариб 100 млн. сомонӣ (ҳудуди 16 млн. $ тибқи қурби ҳозира) арзёбӣ мешавад.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, то имрӯз дар се МОИ-и кишвар («Суғд», «Данғара» ва «Панҷ») 60 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 19-тои он ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.