Вазорати адлия аз ҲНИТ қатъи фаъолиятро талаб намуд

Вазорати адлияи ҷумҳурӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъи фаъолияти ғайриқонуниашро талаб намуд. Дар номаи Вазорати адлия, ки дар сомонаи АМИТ «Ховар» интишор шудааст, дар ин робита зикр мегардад, ки Вазорати адлия мутобиқи моддаи 20 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба ҲНИТ огоҳинома ирсол намудаааст. Дар огоҳинома таъкид мешавад, ки мувофиқи моддаи 3-юми Қонуни […]

ASIA-Plus



Вазорати адлияи ҷумҳурӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қатъи фаъолияти ғайриқонуниашро талаб намуд.

Дар номаи Вазорати адлия, ки дар

сомонаи АМИТ «Ховар»

интишор шудааст, дар ин робита зикр мегардад, ки Вазорати адлия мутобиқи моддаи 20 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба ҲНИТ огоҳинома ирсол намудаааст.

Дар огоҳинома таъкид мешавад, ки мувофиқи моддаи 3-юми Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳизби сиёсии ҷумҳуриявӣ бояд дар аксари шаҳру ноҳияҳо ташкилоти ибтидоӣ дошта бошад.

Тибқи маълумоти Вазорати адлия, дар 58 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкилоти ибтидоии ҲНИТ фаъолияти худро қатъ карда, аз ин рӯ, ҲНИТ наметавонад худро ҳизби умумиҷумҳуриявӣ муаррифӣ кунад ва анҷуман баргузор намояд.

Вазорати адлия сабабҳои дигари ҳамчун ҳизби умумиҷумҳуриявӣ дониста нашудани ҲНИТ-ро номбар карда, аз ҳизб қатъи фаъолияти ғайриқонуниашро тақозо намудааст, ки мухолифи талаботи қонунҳои ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» мебошанд.

Дар ин нома Вазорати адлия 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии ҲНИТ оид ба қатъи фаъолият дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба гунаи мисол оварда, илова мекунад, ки Шӯрои олии сиёсии ҳизб ин қонуншиканиҳоро бидуни таваҷҷуҳ гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, дар номаи Вазорати адлия қайд мешавад, ки аҳзоби сиёсӣ дафтари кории худро танҳо тариқи оинномаи худ иваз карда метавонанд ва тағйирот дар оиннома танҳо дар анҷуман сурат мегирад.

Ҳамин тариқ, Вазорати адлия дафтари кории муваққатии ҳизб дар манзили раиси он Муҳиддин Кабириро ғайриқонунӣ медонад. Дар ин ҷо дирӯз

нишасти хабарии раҳбарияти ҲНИТ

баргузор шуда, талаботи ҳизб ба ҳукуматдорон баён шуд.

Аз раҳбарияти ҲНИТ дархост шудааст, ки огоҳиномаи мазкурро дар мӯҳлати 10 рӯз баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба Вазорати адлия ба таври хаттӣ ахборот диҳанд ва дар сурати иҷро нагардидани талаботи ин огоҳинома, нисбати ҳизб чораҳои пешбининамудаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.