Озода Раҳмон бо ордени «Шараф» қадршиносӣ шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба духтари худ Озода Раҳмон, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ордени Шараф дараҷаи I-ро тақдим намуд. Акси тақдими ин унвон аз ҷониби президент дар сомонаи сарвари давлат мунташир шудааст. Озода Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 2013 ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекунад. Қаблан ӯ […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба духтари худ Озода Раҳмон, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ордени Шараф дараҷаи I-ро тақдим намуд. Акси тақдими ин унвон аз ҷониби президент дар сомонаи сарвари давлат мунташир шудааст.

Озода Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи ноябри соли 2013 ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекунад. Қаблан ӯ дар вазифаҳои муовини вазири корҳои хориҷӣ ва роҳбари Хадамоти консулгарии ВКД ҶТ фаъолият кардааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди иқтисод, бахши иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, барои хизмати намунавии давлатӣ ва ҳарбӣ ва фаъолияти назарраси ҷамъиятӣ бо ордени Шараф қадрдонӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон

ба истиқболи солгарди 24-ум аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон

гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.