Омодагии ИМА ба навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА генерал Ллойд Ҷ. Остин III ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо як зумра роҳбарони сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, генерал Остин бо Президент Эмомалӣ Раҳмон, генерал-лейтенант Шерали Мирзо, генерал-майор Зариф Шарифзода ва дигар мансабдорони олии хадамоти амнияти Тоҷикистон номгӯи […]

Иттилоияи расмӣ



Фармондеҳи Фармондеҳии марказии ИМА генерал Ллойд Ҷ. Остин III ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо як зумра роҳбарони сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, генерал Остин бо Президент Эмомалӣ Раҳмон, генерал-лейтенант Шерали Мирзо, генерал-майор Зариф Шарифзода ва дигар мансабдорони олии хадамоти амнияти Тоҷикистон номгӯи васеи масъалаҳои амнияти умумиро муҳокима намуд.

Ҳангоми мулоқот дар сатҳи олӣ генерал Остин аҳамияти шарикиро ҷиҳати дастгирии суботу пешрафти Тоҷикистон таъкид кард. «Давоми 20 соли охир ИМА бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтаргардонии суботу амният дар Осиё Марказӣ ҳамкорӣ менамояд. Талошҳои муштаракамон дар соҳаи низомӣ беш аз пеш ба мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла ифротгароии мусаллаҳона ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, равона шудаанд», – иброз дошт генерал.

Дар вохӯриҳои худ генерал Остин омодагии Фармондеҳии марказиро ҷиҳати дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар навгардонии қувваҳои худ бо таваҷҷӯҳи асосӣ ба баланд бардоштани иқтидори давлат барои ҳалли масъалаҳои ҷории амният тасдиқ кард.

Қобили зикр аст, ки аз соли 1992 то ин ҷониб ИМА тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф, амният ва рушди иқтисоди Тоҷикистон маблағи беш аз 1 млрд. доллари ИМА маблағ ҷудо кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.