Идомаи барномаи кумаки техникии БОР дар самти пулшӯйӣ

Бонки миллии Тоҷикистон барои густариш додани муносибатҳои дуҷонибаи судманди байналхалқӣ бо ташкилотҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон ҳамкориҳои зичро ба роҳ монда, ҷиҳати рушду нумуи иқтисоди миллӣ ва низоми бонкии кишвар ҷидду ҷаҳд менамояд. Мулоқоте, ки рӯзи 27 августи соли ҷорӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Умед Латифов бо Мушовири калони Бонки осиёгии рушд (БОР) Осиё Саид […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон барои густариш додани муносибатҳои дуҷонибаи судманди байналхалқӣ бо ташкилотҳои бонуфузи молиявии ҷаҳон ҳамкориҳои зичро ба роҳ монда, ҷиҳати рушду нумуи иқтисоди миллӣ ва низоми бонкии кишвар ҷидду ҷаҳд менамояд. Мулоқоте, ки рӯзи 27 августи соли ҷорӣ муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Умед Латифов бо Мушовири калони Бонки осиёгии рушд (БОР) Осиё Саид Заиданшоҳ анҷом дод, аз ҷумлаи ҳамин чорабиниҳои бонк ба шумор меравад.

Бино ба иттилои хадамоти матуботи БМТ, дар ҷараёни вохӯри ҷонибҳо масъалаҳои идома додани барномаи кумаки техникии БОРдар самти пурзур намудани низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, гузаронидани баҳодиҳии хавфи миллӣ дар ин самт, такмил додани қонунгузорӣ, ташкили семинару машваратҳо ва истифода аз барномаҳои пешрафта дар ин ҷода ибрози назар намуданд.

Намояндаи БОР зимни баррасии масъалаҳои мулоқот қайд кард, ки Бонк аз ҳамкориҳои дуҷониба ва судманд бо Бонки миллии Тоҷикистон қаноатманд мебошад ва омодагии ташкилоти худро барои идома додани ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуд

Ва дар интиҳои мулоқоти судманд ва ҷамъбасти он тарафҳо ба хулоса омаданд, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои баррасишуда дар ояндаи наздик ҳамкориро идома хоҳанд дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.