Ордени Дӯстӣ ба роҳбари диаспораи тоҷикон дар Твер

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 24-ум аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, раиси ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Твери Федератсияи Русия Муқим Майбалиев бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардонда […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи солгарди 24-ум аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, раиси ҷамъияти тоҷикон дар вилояти Твери Федератсияи Русия Муқим Майбалиев бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардонда шуд.


Х

изматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди кормандони соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт, истеҳсолот, хизматрасонӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар ходимони давлатӣ, соҳибкорони хусусӣ ва намояндагони бахшҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон бо орденҳои Шараф дараҷаи 1 ва Шараф дараҷаи 2 қадрдонӣ шуд.

Аз миёни онҳо ба дастовардҳои Дилшод Назаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки нахустин шуда, ба бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 дар Рио де Жанейраи Бразилия дар риштаи гурзандозӣ соҳиби роҳхат гардидааст, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Гурӯҳи калони дигари кормандон аз соҳаҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт, истеҳсолот, илму техника, фарҳангу санъат, маориф, бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонда шуданд.

Хизматҳои шоёни таҳсини зиёда аз 20 нафар кормандону намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бо унвони фахрии  Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Гурӯҳи дигари кормандони соҳаҳои гуногун бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.