Аз 31 август то 9 сентябр дар Тоҷикистон амалиёти ҳамасолаи «Бачаҳо» доир мегардад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Раёсати БДА ВКД тоҷикистон, мақсади асосии ин чорабинӣ пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо ва баланд бардоштани маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мебошад.
Дар доираи амалиёт Раёсати БДА дар мавзӯи «Ҷароҳат гирифтани кӯдакон дар садамаҳои нақлиёт» шиору овезаҳо омода сохтааст, ки дар мактабҳо паҳн карда мешаванд.
Ҳамчунин дар ҷараёни амалиёт роҳҳои назди мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, рӯзи аввали таҳсил кормандони БДА дар мактабҳо оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ машғулиятҳо мегузаронанд.
Дар роҳҳои мошингарди назди мактабҳову муассисаҳои томактабӣ навбатдории омӯзгорон роҳандозӣ шуда, назорати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби кормандони БДА пурзӯр карда мешавад.



