Раиси 73-солаи бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Қурбон Маннонвбаъди 10 рӯзи боздошт аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон дар гузориши телевизионии рӯзи 28 август ҳузур пайдо кард.
Зимни гузориши телевизионии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки шоми рӯзи ҷумъа тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ҷумҳурӣ намоиш дода шуд, зикр гардид, ки Қурбон Маннонов дар таблиғи афкори ифротгароёна миёни аъзои ҲНИТ гунаҳкор дониста мешавад.
«Маҳз ӯ яке аз ташаббускорони барафрохтани матоъи сиёҳ бо навиштаҷоти Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) дар қаламрави Норак шуморида мешавад. Ӯ ҳамчунин барқарор кардани сохти исломӣ дар Тоҷикистонро таблиғ мекард», – таъкид шуд дар гузориши телевизионӣ.
Ёдрас мекунем, ки Қурбон Маннонов рӯзи 19 август аз ҷониби мақомоти интизомии шаҳри Норак боздошт шуд. То рӯзи 28 август на адвокат ва на хешону наздиконаш огаҳӣ надоштанд, ки ӯ чӣ гуноҳ дорад. Дар суханрониҳояш аз минбари ҲНИТ ӯ чандин маротиба изҳор дошта буд, ки ӯро ба КДАМ даъват кардаву талаб кардаанд, ки аз сафҳои ҲНИТ хориҷ шавад.
Дар баробари ин, дар гузориши телевизионӣ ҳамчунин боз ду тан аз аъзои ҲНИТ-ро намоиш доданд, ки ба робита доштанашон бо фаъолони ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо супориши онҳо харидани матоъи сурх бо ранг ва сипас овехтани парчами Давлати исломӣ дар Норак иқрор шуданд.



