Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки алайҳи қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон садо баланд кунанд.
Дар
гузориши
интишоршудаи созмон бо истинод ба директори барномахои Авруосиё Сюзен Корке дар ин робита зикр мегардад, ки қатъи фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон зинаи охирин ба сохти диктаторӣ шуда метавонад.
Сюзен Корке изҳор доштааст, ки амалҳои ҳукумати Тоҷикистон мухолифи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба ҷанги шаҳрвандии хунин хотима гузошт.
«Баста шудани ҲНИТ ба зиёд шудани имкони сурат гирифтани низоъҳои зӯроварона дар кишвар боис шуда метавонад. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо бояд муқобили ин қарор мавзеъгирӣ кунанд», – гуфтааст Сюзен Корке.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳизби асосии мухолиф дар қаламрави Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҲНИТ ба парлумон роҳ наёфт. САҲА интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ноозоду ғайришаффоф арзёбӣ намуд.



