Freedom House: Баста шудани ҲНИТ ба низоъҳои зӯроварона боис шуда метавонад

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки алайҳи қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон садо баланд кунанд. Дар гузориши интишоршудаи созмон бо истинод ба директори барномахои Авруосиё Сюзен Корке дар ин робита зикр мегардад, ки қатъи фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон зинаи охирин […]

ASIA-Plus



Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё Хонаи Озодӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки алайҳи қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон садо баланд кунанд.

Дар

гузориши

интишоршудаи созмон бо истинод ба директори барномахои Авруосиё Сюзен Корке дар ин робита зикр мегардад, ки қатъи фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон зинаи охирин ба сохти диктаторӣ шуда метавонад.

Сюзен Корке изҳор доштааст, ки амалҳои ҳукумати Тоҷикистон мухолифи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба ҷанги шаҳрвандии хунин хотима гузошт.

«Баста шудани ҲНИТ ба зиёд шудани имкони сурат гирифтани низоъҳои зӯроварона дар кишвар боис шуда метавонад. ИМА ва Иттиҳоди Аврупо бояд муқобили ин қарор мавзеъгирӣ кунанд», – гуфтааст Сюзен Корке.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳизби асосии мухолиф дар қаламрави Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар интихоботи парлумонии соли 2015 ҲНИТ ба парлумон роҳ наёфт. САҲА интихоботи парлумонии Тоҷикистонро ноозоду ғайришаффоф арзёбӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.