Донишҷӯи аз Сурия баргашта: Он ҷо ҳеҷ ҷиҳоде нест

Собиқ донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пас аз 9 моҳи дар Сурия қарор доштан ба ватан баргашт. Зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёни ноҳия Парвиз Қосимови 20-сола, сокини ҷамоати Сарвати Истиқлоли ноҳияи Бохтар иброз дошт, ки моҳи октябри соли 2014 ба Сурия рафта, баъди 9 моҳ бо мусоидати ВКД Тоҷикистон ба ватан баргаштааст. «Аз рӯзи нахусти дар Сурия […]

Сайраҳмон Назриев



Собиқ донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пас аз 9 моҳи дар Сурия қарор доштан ба ватан баргашт.

Зимни вохӯрӣ бо донишҷӯёни ноҳия Парвиз Қосимови 20-сола, сокини ҷамоати Сарвати Истиқлоли ноҳияи Бохтар иброз дошт, ки моҳи октябри соли 2014 ба Сурия рафта, баъди 9 моҳ бо мусоидати ВКД Тоҷикистон ба ватан баргаштааст. «Аз рӯзи нахусти дар Сурия будан ман дарк кардам, ки маро фиреб кардаанд ва хеле мехостам ба ватан баргардам. Он ҷо ҳеҷ ҷиҳоде нест, ҳама чизе, ки онҳо мегӯянд, фиреб аст», – ҳикоят кард ба ҳамсолонаш Парвиз.

Модари Парвиз Тоҷихон Бобиева дар суханронии худ ба сарвари давлат барои кумаки ҳукумат ба бозгашти Парвиз ба ватан ва сарфи назар аз ҷиноят содир кардани ӯ, мавриди афв қарор гирифтанаш миннатдорӣ изҳор кард.

«Шумо ҷавонон бояд бидонед, ки на ба ҳар кас муяссар мешавад, ки аз он ҷо баргардад. Аз ин рӯ, хуб андеша карда, ба ҳар гуна афкори бегона дода нашавед ва волидони худро дар азоб нагузоред», – гуфт ба ҳозирин модари Парвиз.

Ба гуфтаи Ҷаббор Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар, айни замон 28 сокини ноҳияи Бохтар дар Ироқу Сурия қарор доранд, ки ба сафҳои Давлати исломии Ироқу Шом пайвастаанд. «Дар он ҷо 5 оила, аз ҷумла 5 нафар занон, 11 кӯдак ва 1 донишҷӯ ҳузур доранд. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ 8 нафар аз бохтариён ҳалок шудаанд», – гуфт номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.