Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи дониш ҷашн гирифта мешавад

Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон занги аввали садо дода, соли нави хониш оғоз мегардад. Рӯзи Дониш бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Донишгоҳи миллии Кӯлоб доир мегардад, ки президенти мамлакат бо сафари корӣ дар он ҷо қарор дорад. Ин ҷо баъди ифтитоҳи биони нави донишгоҳ пас аз таъмиру навсозӣ, сарвари давлат барои […]

Меҳрангез Турсунзода



Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон занги аввали садо дода, соли нави хониш оғоз мегардад.

Рӯзи Дониш бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Донишгоҳи миллии Кӯлоб доир мегардад, ки президенти мамлакат бо сафари корӣ дар он ҷо қарор дорад. Ин ҷо баъди ифтитоҳи биони нави донишгоҳ пас аз таъмиру навсозӣ, сарвари давлат барои донишҷӯён дарси сулҳ доир мекунад.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки субҳи имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ ба муносибати оғози соли нави хониш ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, сипас толибилмон суханронии президент тариқи телевизионро тамошо мекунанд.

Ба иттилои як манбаъ аз Вазорати маориф, алҳол маълум нест, ки имсол чанд нафар хонандагон ба синфи якум по мениҳанд. Маълумот дар ин бора баъди 20 сентябр маълум хоҳад шуд. Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3 ҳазору 836 муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд.

Зимнан зикр гардид, ки шумори умумии дохилшудагон ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар соли равон беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Алҳол шумори ниҳоии донишҷӯёни соли аввал саҳеҳ маълум нест, зеро Маркази миллии тестӣ тақсими дубораи довталабон ба мактабҳои олиро, ки ҷойҳои холӣ доранд, эълон кард. Натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ рӯзи 3 сентябр маълум хоҳанд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.