Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи дониш ҷашн гирифта мешавад



Имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон занги аввали садо дода, соли нави хониш оғоз мегардад.

Рӯзи Дониш бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Донишгоҳи миллии Кӯлоб доир мегардад, ки президенти мамлакат бо сафари корӣ дар он ҷо қарор дорад. Ин ҷо баъди ифтитоҳи биони нави донишгоҳ пас аз таъмиру навсозӣ, сарвари давлат барои донишҷӯён дарси сулҳ доир мекунад.

Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки субҳи имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ ба муносибати оғози соли нави хониш ҷамъомади тантанавӣ доир гардида, сипас толибилмон суханронии президент тариқи телевизионро тамошо мекунанд.

Ба иттилои як манбаъ аз Вазорати маориф, алҳол маълум нест, ки имсол чанд нафар хонандагон ба синфи якум по мениҳанд. Маълумот дар ин бора баъди 20 сентябр маълум хоҳад шуд. Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ 3 ҳазору 836 муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд.

Зимнан зикр гардид, ки шумори умумии дохилшудагон ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар соли равон беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Алҳол шумори ниҳоии донишҷӯёни соли аввал саҳеҳ маълум нест, зеро Маркази миллии тестӣ тақсими дубораи довталабон ба мактабҳои олиро, ки ҷойҳои холӣ доранд, эълон кард. Натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ рӯзи 3 сентябр маълум хоҳанд шуд.

spot_imgspot_img

Популярное