Бақияи умумии қарзҳо дар бонкҳои Тоҷикистон 24% афзуд

Ба ахири моҳи июли соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо дар низоми Бонкии Тоҷикистон ҳудуди 11 млрд. сомониро ташкил дода, ҳаҷми он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24% афзуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ин давра раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат ҳамчунин идома ёфта, 55,3 фоиз (6 067,6 млн. сомонӣ) – […]

ASIA-Plus



Ба ахири моҳи июли соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо дар низоми Бонкии Тоҷикистон ҳудуди 11 млрд. сомониро ташкил дода, ҳаҷми он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24% афзуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ин давра раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат ҳамчунин идома ёфта, 55,3 фоиз (6 067,6 млн. сомонӣ) – ро қарзҳои дарозмуҳлат ва 44,7 фоиз (4 911,1 млн. сомонӣ) –ро қарзҳои кутоҳмуддат ташкил додаанд.

Гуфта мешавад, фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар муддат бо пули миллӣ ба 23,64 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 21,66 фоизи солона баробар шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои январ-июли соли равон беш аз 3,3 млрд. сомониро ташкил дода, аз ин маблағ 598,9 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.