Тоҷикистон дар сегонаи беҳтарини дастаҳои таэквондои ҷаҳон

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо ИТФ дар мусобиқаи Чемпионати навбатии ҷаҳон, ки аз 24 то 30 август дар шаҳри Пловдиви Булғористон баргузор шуд, дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи сеюмро ишғол кард. Дар ин мусобиқа Сабина Тюряева ба гирифтани медали тилло шарафёб гардида, Баҳром Гадоев ду медали нуқра, Муҳаммад Наимов, Масрур Сатторов, Алишер Аҳмедов ва Далер […]

Сайфиддин Қараев



Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо ИТФ дар мусобиқаи Чемпионати навбатии ҷаҳон, ки аз 24 то 30 август дар шаҳри Пловдиви Булғористон баргузор шуд, дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи сеюмро ишғол кард.

Дар ин мусобиқа Сабина Тюряева ба гирифтани медали тилло шарафёб гардида, Баҳром Гадоев ду медали нуқра, Муҳаммад Наимов, Масрур Сатторов, Алишер Аҳмедов ва Далер Тюряев медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи умумидаставӣ зинаи аввалро намояндагони Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея ва мақоми дуюмро дастаи Русия ишғол намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи Чемпионати навбатии ҷаҳон дар Пловдив намояндагони 89 кишвари саросари дунё ширкат варзиданд.

Дар фурудгоҳи Душанбе иштирокчиёни Чемпионати ҷаҳонро ботантана истиқбол намуданд. Волидону варзишгарон, хешону наздикон ва дӯстон ба онҳо гулдастаҳо тақдим карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.