Даъвати сармоягузорони покистонӣ ба МОИ Тоҷикистон

Сармоягузорони покистонӣ, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсолии бофандагӣ бунёд мекунанд, метавонанд то 40%-и қувваи кориро аз кишвари худашон ҷалб намоянд. Дар ин бора Маъруфҷон Абдураҳмонов, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо доираҳои тиҷоратии ҳавзаи Файсалободи музофоти Панҷоби Покистон хабар додааст . Илова бар ин, Абдураҳмонов қайд кардааст, ки зимни воридоти таҷҳизот […]

ASIA-Plus



Сармоягузорони покистонӣ, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсолии бофандагӣ бунёд мекунанд, метавонанд то 40%-и қувваи кориро аз кишвари худашон ҷалб намоянд. Дар ин бора Маъруфҷон Абдураҳмонов, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо доираҳои тиҷоратии ҳавзаи Файсалободи музофоти Панҷоби Покистон хабар додааст

.

Илова бар ин, Абдураҳмонов қайд кардааст, ки зимни воридоти таҷҳизот барои корхонаҳои бофандагӣ, ки дар ин минтақаҳо бунёд карда мешавад, сармоягузорони покистонӣ аз пардохти ҳама гуна андозҳо озод карда мешаванд.

Бино ба , 

иттилои

ВАО-и Покистон, намояндаи сафорати Тоҷикистон зикр кардааст, ки дар Тоҷикистон панҷ минтақаҳои озоди иқтисодӣ амал мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, дар қаламрави Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» ба қайд гирифта шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.