Ҳукми 17 ва 16 соли зиндон ба сарбозони муттаҳам ба куштори ҳамхизматашон

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон сарбозони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Шуҳрат Ёқубов ва Исмоил Мамадёровро дар куштори ҳамхизматашон гунаҳкор эътироф намуда, онҳоро мутаносибан ба 17 ва 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Суд ҳамчунин прапоршик Хисрав Одинаверо мутобиқи моддаи 292, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор дониста, ӯро ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ […]

Сайраҳмон Назриев



Суди ҳарбии гарнизони Хатлон сарбозони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Шуҳрат Ёқубов ва Исмоил Мамадёровро дар куштори ҳамхизматашон гунаҳкор эътироф намуда, онҳоро мутаносибан ба 17 ва 16 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Суд ҳамчунин прапоршик Хисрав Одинаверо мутобиқи моддаи 292, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбдор дониста, ӯро ба 2 соли маҳрумият аз озодӣ бо иҷрои ҷазо дар муассисаи ислоҳии сукунат маҳкум намуд.

Модари сарбози марҳум дар мусоҳиба ба хабарнигори «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки аз қарори суд қаноатманд аст. «Бигзор ин ҳукм барои дигар хизматчиёни ҳарбӣ дарси ибрат гардад. Бигзор модарон дигар марги фарзандони худро набинанд, ки онҳоро ба хизмат мефиристанд. Ҳукми имрӯзаи суд гувоҳи он аст, ки дар кишвари мо қонунҳо кор мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳикоят кард, ки писараш Абдувоҳид Қаюмов баъди хатми курсҳои ронандагӣ ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта, баъди анҷоми хизмат ба Академияи ҳарбӣ дохил шуданӣ буд, то ки афсар шавад.

Дар ҳамин ҳол, Раштӣ Тоҳиров, адвокати яке аз маҳкумшудагон изҳор дошт, ки баъди дастрас кардани нусхаи ҳукм, «оид ба аз болои он шикоят бурдан ё набурдан ба хулосае хоҳанд расид».

Қаблан иттилоъ дода будем, ки суди ҳарбии гарнизони Хатлон

ба баррасии парвандаи ҷиноӣ

нисбати ду марзбони муттаҳам ба куштори ҳамхизматашон шурӯъ кард. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.