Сиёсатмадори тоҷик ҳайкал гузоштан ба Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод мекунад

Ходими сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон дар солҳои 80-90-уми асри гузашта Ҳикматулло Насриддинов ҳайкал гузоштан ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва такроран ба ӯ додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро пешниҳод мекунад. Ба андешаи сиёсатмадор, Эмомалӣ Раҳмон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба кишвар хатари парокандагӣ ва аз байн рафтан дар харитаи сиёсии ҷаҳон таҳдид мекард, […]

Аваз Юлдошев



Ходими сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон дар солҳои 80-90-уми асри гузашта Ҳикматулло Насриддинов ҳайкал гузоштан ба президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ва такроран ба ӯ додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро пешниҳод мекунад.

Ба андешаи сиёсатмадор, Эмомалӣ Раҳмон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба кишвар хатари парокандагӣ ва аз байн рафтан дар харитаи сиёсии ҷаҳон таҳдид мекард, раҳбарии Тоҷикистонро ба дӯш гирифт.

«Тирамоҳи соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ман ҳамчун вакил мушоҳида кардам, ки бисёре аз сиёсатмадорони ботаҷрибаи он замон раҳбарии кишварро ба дӯш гирифтан намехостанд ва Эмомалӣ Раҳмон барои ба дӯш гирифтани ин вазифаи пурмасъулият розӣ шуд ва изҳор дошт, ки «ман ба Тоҷикистон сулҳу созиш меорам», – гуфт дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Ҳ. Насриддинов.

Номбурда бовар дорад, ки имрӯз ҳеҷ касе хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон дар болоравии нуфузи Тоҷикистон, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва ҳалли мушкилоти сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавиро инкор карда наметавонад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.