Тоҷикистон ба воридоти технологияҳои муосири ширкати ZTE манфиатдор аст

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Презденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати Зетеӣ (ZTE) Ши Ли Рон мулоқот анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқоти судманди Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ин ширкат аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, масъалаи рушди муносибатҳо барои истифодаи имкониятҳои нав дар […]

ASIA-Plus



Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Презденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ширкати Зетеӣ (ZTE) Ши Ли Рон мулоқот анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни мулоқоти судманди Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти ин ширкат аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуда, масъалаи рушди муносибатҳо барои истифодаи имкониятҳои нав дар самти воридот ва таҷҳизонидани технологияи пешрафтаи телекомуникатсионӣ ба соҳаи алоқаи Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ин дуюмин ва калонтарин ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки соли 1985 таъсис дода шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ филиали Ширкати ZTE  таъсис ёфта буд ва баъдан ҳамчун шахси ҳуқуқии алоҳида – Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз кард.

Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «ЗТИ Тоҷикистон» ба фаъолияти воридоти таҷҳизотҳои телекоммуникатсионӣ ва телефонҳои мобилӣ, фурӯши онҳо, таҳрезӣ ва таъсиси шабакаҳои алоқаи барқӣ, таъмини қисмҳои эҳтиётии таҷҳизотҳои соҳаи алоқа, хизматрасонии минбаъдаи техникии шабакаҳо, таъминоти барномавии шабакаи алоқаи барқӣ машғул мебошад.

Аз соли 2009 то инҷониб дар соҳаи алоқаи барқӣ иҷозатномаҳоро барои хизматрасонӣ, истеҳсол ва насби шабакаҳо, системаҳо, дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион, банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа амалӣ менамояд.

Дастгоҳи марказии Ширкат дар Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият намуда, зиёда аз 100 филиал ва ё ширкатҳои алоҳидаро бо саҳмгузории ширкати ЗТИ дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ таъсис додаст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.