Дар вилояти Суғд ду ҷинояти куштор ошкор шуд

Санаи 1 сентябр зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 29-солаи сокини ноҳияи Ғончӣ барои содир намудани ҷинояти куштор дастгир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда нимаи рӯзи 17 сентябр дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш марди 36-солаи сокини ноҳияи Истаравшанро бо ҳамсари 29-солааш ҳангоми алоқаи ҷинсӣ намудан дида, аз ҳиссиёти рашк […]

ASIA-Plus



Санаи 1 сентябр зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 29-солаи сокини ноҳияи Ғончӣ барои содир намудани ҷинояти куштор дастгир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда нимаи рӯзи 17 сентябр дар оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш марди 36-солаи сокини ноҳияи Истаравшанро бо ҳамсари 29-солааш ҳангоми алоқаи ҷинсӣ намудан дида, аз ҳиссиёти рашк ӯро бо ресмони алафбандии дар дасташ буда бӯғӣ карда ба ҳалокат расонидааст. Сипас, барои рӯйпуш намудани ҷинояти содирнамудаи худ, ҷасади ӯро ба кӯҳи надики деҳаашон бурда, дар зери дарахти арча гӯронидааст.

Гуфта мешавад, субҳи ҳамин рӯз ҷасади зани 46-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо аломатҳои марги маҷбурӣ, яъне захмҳои халандаю буранда дар қисмати қафаси синааш дарёфт гардидааст. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.

Зикр мегардад, ки тафтишот муайян намудааст, ки гумонбаршуда нимаи дуюми рӯзи 30 август дар ҳавлии истиқоматии зани марҳум ҳамчун меҳмон қарор дошта, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо корди хоҷагии дар дасташ буда, якчанд маротиба ба аъзои бадани ӯ зада, номбурдаро ба ҳалокат расонидааст. Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.