Истеъфои сафири нави Анқара дар Душанбе қабл аз оғози кор



Сафири нави Туркия дар Тоҷикистон Озтурк Йилмаз, ки чанде қабл ба ин вазифа таъин шуда буд, ба фаъолияти дипломатӣ дар Душанбе шурӯъ накарда, ба истеъфо рафт.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Туркия, Озтурк Йилмаз ният дорад, ки номзадиашро ба интихоботи пешазмӯҳлат ба парлумони Туркия пешбарӣ намояд. Интихоботи мазкур 1 ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Интизорӣ меравад, ки Озтурк Йилмаз номзадии худро аз ҷониби Ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявии Туркия аз шаҳри Ардагон дар шимолу шарқии Туркия пешбарӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки 28 августи соли 2015 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов нусхаи Эътимодномаи сафири Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Озтурк Йилмазро қабул намуд. Пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти дуҷониба баргузор гардид, ки дар рафти он вазъи кунунӣ ва тавсеаҳои башардӯстона ҷиҳати таҳкими бештари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисод, савдо, сармоягузорӣ, фарҳангу маориф табодули афкор сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ Сироҷиддин Аслов изҳори умедворӣ намуд, ки сафири нави Туркия барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳо миёни ду кишвар саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Сафир Озтурк Йилмаз дар навбати худ аҳамияти таҳкими муносибатҳои шарикона бо Тоҷикистонро барои кишвараш таъкид карда, иброз дошт, ки тамоми кӯшиши худро барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ равона хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки то ҳанӯз сафири тозатаъини Туркия ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома насупурдааст.

Мебояд гуфт, моҳи июни соли 2014 Озтурк Йилмазро ҷангиёни Давлати исломӣ гаравгон гирифта, ӯ дар шаҳри Мосули Ироқ қарор дошт. Он замон ҷангиён 48 корманди консулгарии Туркияро муддати 101 рӯз гаравгон гирифта буданд.

spot_imgspot_img

Популярное