Истеъфои сафири нави Анқара дар Душанбе қабл аз оғози кор

Сафири нави Туркия дар Тоҷикистон Озтурк Йилмаз, ки чанде қабл ба ин вазифа таъин шуда буд, ба фаъолияти дипломатӣ дар Душанбе шурӯъ накарда, ба истеъфо рафт. Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Туркия, Озтурк Йилмаз ният дорад, ки номзадиашро ба интихоботи пешазмӯҳлат ба парлумони Туркия пешбарӣ намояд. Интихоботи мазкур 1 ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. […]

Аваз Юлдошев



Сафири нави Туркия дар Тоҷикистон Озтурк Йилмаз, ки чанде қабл ба ин вазифа таъин шуда буд, ба фаъолияти дипломатӣ дар Душанбе шурӯъ накарда, ба истеъфо рафт.

Бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Туркия, Озтурк Йилмаз ният дорад, ки номзадиашро ба интихоботи пешазмӯҳлат ба парлумони Туркия пешбарӣ намояд. Интихоботи мазкур 1 ноябри соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Интизорӣ меравад, ки Озтурк Йилмаз номзадии худро аз ҷониби Ҳизби халқӣ-ҷумҳуриявии Туркия аз шаҳри Ардагон дар шимолу шарқии Туркия пешбарӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки 28 августи соли 2015 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов нусхаи Эътимодномаи сафири Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Озтурк Йилмазро қабул намуд. Пас аз маросими супоридани Эътимоднома мулоқоти дуҷониба баргузор гардид, ки дар рафти он вазъи кунунӣ ва тавсеаҳои башардӯстона ҷиҳати таҳкими бештари муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаҳои иқтисод, савдо, сармоягузорӣ, фарҳангу маориф табодули афкор сурат гирифт.

Зимни вохӯрӣ Сироҷиддин Аслов изҳори умедворӣ намуд, ки сафири нави Туркия барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳо миёни ду кишвар саҳми сазовор хоҳад гузошт.

Сафир Озтурк Йилмаз дар навбати худ аҳамияти таҳкими муносибатҳои шарикона бо Тоҷикистонро барои кишвараш таъкид карда, иброз дошт, ки тамоми кӯшиши худро барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ равона хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки то ҳанӯз сафири тозатаъини Туркия ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эътимоднома насупурдааст.

Мебояд гуфт, моҳи июни соли 2014 Озтурк Йилмазро ҷангиёни Давлати исломӣ гаравгон гирифта, ӯ дар шаҳри Мосули Ироқ қарор дошт. Он замон ҷангиён 48 корманди консулгарии Туркияро муддати 101 рӯз гаравгон гирифта буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.