Оғози баррасии парвандаи ду марзбони муттаҳам ба куштори ҳамхизматашон

Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду марзбони муттаҳам ба куштори ҳамхизматашон шурӯъ кард. Бино ба иттилои раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандарзода, рӯзи 4 июли соли равон бригадаи бинокорони қисми низомии №2747 таҳти раҳбарии прапоршик Хисрав Одинаев иборат аз 14 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ба қисми низомии №2610-и Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии […]

Сайраҳмон Назриев



Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду марзбони муттаҳам ба куштори ҳамхизматашон шурӯъ кард.

Бино ба иттилои раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандарзода, рӯзи 4 июли соли равон бригадаи бинокорони қисми низомии №2747 таҳти раҳбарии прапоршик Хисрав Одинаев иборат аз 14 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ба қисми низомии №2610-и Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, воқеъ дар Панҷ ба сафари хизматӣ фиристода шудаанд. Рӯзи 5 июл прапоршик Х.Одинаев бидуни огаҳии раҳбарият қаламрави қисми низомиро тарк мекунад.

Баъди ин сарбоз Исмоил Мамадёров ва сержанти хурд Шуҳрат Ёқубов аз ҳузур надоштани роҳбар истифода бурда, ҳамхизматҳояшонро дар макони будубош саф меороянд ва сарбозонеро, ки ба ин сафороии бидуни зарурат дер монда буданд, мавриди лату кӯб қарор медиҳанд. Онҳо сарбозоно бо чӯб ба тахтапушташон мезананд, ки дар натиҷа сарбоз Абдуваҳҳоб Қаюмов аз ҳуш рафта, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати Исмоил Мамадёров ва Ёқуб Шуҳратов мутобиқи моддаҳои 110, қ. 3 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 373, қ. 2 (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Нисбати прапоршики худсарони қаламрави қисми низомиро тарккарда Хисрав Одинаев мутобиқи моддаи 392, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муносибати хунукназарона  ба хизмат) парвнада боз шудааст.

Қобили зикр аст, ки Абдуваҳҳоб Қаюмов моҳи майи соли 2015 аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.