Оғози баррасии парвандаи ду марзбони муттаҳам ба куштори ҳамхизматашон



Суди ҳарбии гарнизони Хатлон ба баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати ду марзбони муттаҳам ба куштори ҳамхизматашон шурӯъ кард.

Бино ба иттилои раиси суди ҳарбии гарнизони Хатлон Тоҳир Искандарзода, рӯзи 4 июли соли равон бригадаи бинокорони қисми низомии №2747 таҳти раҳбарии прапоршик Хисрав Одинаев иборат аз 14 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ба қисми низомии №2610-и Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, воқеъ дар Панҷ ба сафари хизматӣ фиристода шудаанд. Рӯзи 5 июл прапоршик Х.Одинаев бидуни огаҳии раҳбарият қаламрави қисми низомиро тарк мекунад.

Баъди ин сарбоз Исмоил Мамадёров ва сержанти хурд Шуҳрат Ёқубов аз ҳузур надоштани роҳбар истифода бурда, ҳамхизматҳояшонро дар макони будубош саф меороянд ва сарбозонеро, ки ба ин сафороии бидуни зарурат дер монда буданд, мавриди лату кӯб қарор медиҳанд. Онҳо сарбозоно бо чӯб ба тахтапушташон мезананд, ки дар натиҷа сарбоз Абдуваҳҳоб Қаюмов аз ҳуш рафта, дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати Исмоил Мамадёров ва Ёқуб Шуҳратов мутобиқи моддаҳои 110, қ. 3 (Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) ва 373, қ. 2 (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Нисбати прапоршики худсарони қаламрави қисми низомиро тарккарда Хисрав Одинаев мутобиқи моддаи 392, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Муносибати хунукназарона  ба хизмат) парвнада боз шудааст.

Қобили зикр аст, ки Абдуваҳҳоб Қаюмов моҳи майи соли 2015 аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное