Ду сокини шаҳри Исфара барои тамаъҷӯи дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА боздошт шуданд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, ба мақомоти милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Исфара муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25.06.с.2015 корманди шӯъбаи таъминоти метрологии маркази санҷиши минтақавии шаҳри Исфара, марди 34-сола ва шарикаш марди 35-солаи муваққатан бекор, ҳар ду сокинони ҳамин шаҳр бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ маблағи 90 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки барои рад намудани парвандаи ҷиноятие, ки гуё нисбати ӯ дар ҳудуди Федератсияи Россия оғоз карда шуда бошад, кӯмак мерасонанд, аммо ин ду нафар ба ин қаноат накарда, боз аз ӯ маблағи иловагӣ талаб кардаанд.
Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 1 сентябри соли равон, тахминан соати 13:15-дақиқа шахсони дар боло зикршуда ҳангоми гирифтани 10 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



