Боздошти 2 сокини Исфара барои тамаъҷӯии 100 ҳазор $

Ду сокини шаҳри Исфара барои тамаъҷӯи дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА боздошт шуданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, ба мақомоти милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Исфара муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25.06.с.2015 корманди шӯъбаи таъминоти метрологии маркази санҷиши минтақавии шаҳри Исфара, марди 34-сола ва шарикаш марди 35-солаи муваққатан бекор, ҳар ду […]

ASIA-Plus



Ду сокини шаҳри Исфара барои тамаъҷӯи дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА боздошт шуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса менависад, ба мақомоти милитсия марди 36-солаи сокини шаҳри Исфара муроҷиат намудааст, ки рӯзи 25.06.с.2015 корманди шӯъбаи таъминоти метрологии маркази санҷиши минтақавии шаҳри Исфара, марди 34-сола ва шарикаш марди 35-солаи муваққатан бекор, ҳар ду сокинони ҳамин шаҳр бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ маблағи 90 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки барои рад намудани парвандаи ҷиноятие, ки гуё нисбати ӯ дар ҳудуди Федератсияи Россия оғоз карда шуда бошад, кӯмак мерасонанд, аммо ин ду нафар ба ин қаноат накарда, боз аз ӯ маблағи иловагӣ талаб кардаанд.

Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 1 сентябри соли равон, тахминан соати 13:15-дақиқа шахсони дар боло зикршуда ҳангоми гирифтани 10 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.