Кушта шудани ду корманди ОМОН ва нозири БДА дар пойтахт

Дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона, ки субҳи имрӯз дар мавзеи гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе сурат гирифт, ду корманди Дастаи таъиноти махсуси милиса (Омон)-и ВКД ва нозири БДА кушта шуданд. Боз як нозири БДА бо ҷароҳатҳо аз тир ба бемористон мунтақил шудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар содир […]

ASIA-Plus



Дар ҷараёни задухӯрди мусаллаҳона, ки субҳи имрӯз дар мавзеи гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе сурат гирифт, ду корманди Дастаи таъиноти махсуси милиса (Омон)-и ВКД ва нозири БДА кушта шуданд. Боз як нозири БДА бо ҷароҳатҳо аз тир ба бемористон мунтақил шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти интизомӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар содир шудани ин ҳамла собиқ узви Иттиҳоди мухолифини тоҷик Ҷунайдуллоро гумонбар медонанд, ки баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ба ҳайати Вазорати мудофиа шомил гардида буд. Чанде қабл ӯ аз санҷиши тахассусӣ (аттестатсия) нагузашта, аз кор озод шудааст. Кормандони сохторҳои қудратӣ аз эҳтимол дур намедонанд, ки Ҷунайдулоо бо чанд нафари дигар ба ин амал даст задааст. Дар шаҳр нақшаи боздошти дигар ҳаммаслакони ӯ ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, ин ҳамла ба ҳодисаи ҳуҷуми мусаллаҳона ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ҳеҷ муносибате надорад.


Дар акс – макони тирпарронӣ дар мавзеи наздики фурудгоҳ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.