Сохтмончиёни қисмати тоҷикистонии лӯлаи гази Туркманистон – Чин ахири сол маълум мешаванд

Ҷараёни таҳияи ҳуҷҷатҳо барои баргузории тендер оид ба интихоби паймонкорони фаръии сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи гази Туркманистон – Чин идома дорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз корхонаи муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd»-и Тоҷикистону Чин, ки ба сохтмон ва истифодаи қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази мазкур машғул аст, хабар доданд. «Ҳамаи корҳо тибқи нақша ҷараён […]

ASIA-Plus



Ҷараёни таҳияи ҳуҷҷатҳо барои баргузории тендер оид ба интихоби паймонкорони фаръии сохтмони қисмати тоҷикистонии лӯлаи гази Туркманистон – Чин идома дорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз корхонаи муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd»-и Тоҷикистону Чин, ки ба сохтмон ва истифодаи қитъаи тоҷикистонии лӯлаи гази мазкур машғул аст, хабар доданд.

«Ҳамаи корҳо тибқи нақша ҷараён доранд ва айни замон ба омодакунии ҳуҷҷатҳои тендерӣ машғулем, ки баъдан он ба комиссия пешниҳод мешавад», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, анҷоми тамоми корҳо оид ба интихоби паймонкорони фаръӣ барои амалисозии лоиҳа то ахири соли равон дар назар аст. Қобили зикр аст, ки қаблан оид ба интихоби паймонкорони фаръии ин лоиҳа тендери кушод эълон шуда буд.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, барои иштирок дар ин тендер аз ширкатҳои сершумор дархостҳо ворид шудаанд, ки миёни онҳо корхонаҳои ватанӣ низ ҳузур доранд.

«Аз ҷумла аз ширкатҳои Русияву Чин низ дархостҳо пешниҳод шуданд. Мо хостори онем,ки дар амалисозии чунин лоиҳаи бузург, ки азхудкунии 3,2 млрд. доллари ИМА дар он пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама ширкатҳои тоҷикистонӣ иштирок кунанд. Ҳадди ақал дар он қисмате, ки корҳои муҳандисии сатҳи баландро тақозо намекунанд», – гуфта буд қаблан ба журналистон вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода.

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 ба имзо расида буд. Моҳи марти соли 2014 миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» дар бораи таъсиси корхонаи муштараки сохтмон ва истифодаи лӯлаи гази Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd. созишнома ба имзо расид. Моҳи сентябри соли гузашта маросими оғози қисмати тоҷикистонии лоиҳа баргузор шуд.

Сохтмони лӯлаи интиқоли газ аз кони нафту гази «Галкиниш» дар Турманистон оғоз гардида, тариқи ин лӯла ҳамасола аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд. метри мукааб гази табиӣ интиқол дода мешавад. Амалисозии ин лоиҳа ба ҷалби беш аз 3 млрд. доллари ИМА сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад. Масофаи ин лӯлаи газ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 400 километрро ташкил дода, лӯлаи интиқоли газ то ахири соли 2016 ба истифода дода мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.