Э.Раҳмон: Гвардияи миллӣ ҳомии дастовардҳои истиқлолият аст

Зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза Гвардияи миллӣ ҳамчун ҳомии дастовардҳои истиқлолият, такягоҳи давлат ва кафили суботу оромии ҷомеа дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, амалҳои террористӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир қарор […]

ASIA-Plus



Зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони имрӯза Гвардияи миллӣ ҳамчун ҳомии дастовардҳои истиқлолият, такягоҳи давлат ва кафили суботу оромии ҷомеа дар сафи пеши мубориза бо ҷинояткории муташаккилона, амалҳои террористӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорад ва дар ин самт ба дӯши он масъулияти басо мураккабу душвор гузошта шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент қайд кард, ки давлат ва ҳукумати мамлакат дар зарфи бист сол бо мақсади ба сохтори низомии касбӣ табдил ёфтани Гвардияи миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсии он бисёр тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, аз ҷумла, заминаҳои ҳуқуқиву ташкилии фаъолияти Гвардияи миллӣ тибқи меъёрҳои муосир фароҳам гардида, воҳидҳои таъиноти махсуси он бо иншооти зарурӣ ва техникаву воситаҳои замонавии пешбурди амалиёти ҷангӣ таъмин карда шуданд.

«Зарур аст, ки ба хотири муқовимат бо таҳдиду хатарҳои мавҷуда фаъолияти ҳайати фармондеҳиву ситодии сохторҳои низомии кишвар ва ҳамкории ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам таҳким бахшида шавад, – гуфт президент. – Вобаста ба ин, яке аз самтҳои асосии фаъолияти Гвардия ҳамкории мутақобила бо сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар буда, дар баробари иштирок дар машқҳои муштарак, инчунин густариш бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳарбӣ ба ҳисоб меравад».

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки роҳбарияти Гвардияи миллиро зарур аст, ки дар бобати пурзӯр намудани риояи қонуният ва талаботи ойинномаҳои низомӣ, таҳкими интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, боз ҳам ҷоннок гардонидани корҳои сиёсиву тарбиявӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ, ифтихори миллӣ, тақвият бахшидани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа ва мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканиҳо ва зуҳуроти коррупсионӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.