Дар ҳамла ба кормандони мақомоти интизомӣ собиқ аъзои мухолифин даст доранд

Гумонбарон ба ташкили ҳамлаҳои мусаллаҳона дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат афсарони сохторҳои қудратӣ мебошанд, ки баъди имзои созишномаи сулҳ тибқи квотаи 30-фоиза ба мақомоти ҳукуматӣ шомил шуданд. Хукуматдорони расмӣ изҳор мекунанд, ки ҳарду гумонбаршуда чанде қабл аз кор озод шудаанд. Дар роҳандозии ин ҳодисаҳо мақомот Зиёвуддин Абдуллоев ва Ҷунайдулло Умаровро гумонбар медонанд. Ҳардуи онҳо собиқ […]

ASIA-Plus



Гумонбарон ба ташкили ҳамлаҳои мусаллаҳона дар шаҳрҳои

Душанбе

ва

Ваҳдат

афсарони сохторҳои қудратӣ мебошанд, ки баъди имзои созишномаи сулҳ тибқи квотаи 30-фоиза ба мақомоти ҳукуматӣ шомил шуданд. Хукуматдорони расмӣ изҳор мекунанд, ки ҳарду гумонбаршуда чанде қабл аз кор озод шудаанд.

Дар роҳандозии ин ҳодисаҳо мақомот Зиёвуддин Абдуллоев ва Ҷунайдулло Умаровро гумонбар медонанд. Ҳардуи онҳо собиқ фармондеҳони саҳроии сохторҳои мусаллаҳи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик мебошанд. Пас аз ба сулҳу созиш расидан онҳо ба ҳайати ВКД ва Вазорати мудофиаи Тоҷикиситон шомил гардиданд.

Чун қисмати асосии нерӯҳои Иттиҳоди мухолифини тоҷикро аъзои ҲНИТ ташкил медоданд, «Азия-Плюс» ба ин ҳизб муроҷиат намуд, то аз қаблан ба кадом кор машғул будани гумонбаршудагон воқиф гардад.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит дар ин робита қайд кард, ки дар сафҳои мухолифин шахсе бо номи Зиёруддин Абдуллоев ҳузур дошт, аммо дар бораиЗиёвуддин Абдуллоев ӯ чизе намедонад.

Ба гуфтаи ӯ, Зиёруддин Абдуллоев майори милиса буда, ба ҳайси сарнозири минтақавӣ дар дараи Ромит фаъолият мекард. «Ӯ зодаи деҳаи Тангаии шаҳри Ваҳдат аст. Баъди имзои созишномаи истиқрори сулҳ тибқи квотаи 30-фоиза ӯ ба ҳайати қушӯнҳои дохилии ВКД шомил гардида, муддати тӯлонӣ дар шаҳри Ваҳдат хизмат мекард», – иброз дошт муовини раиси ҲНИТ.

Дар робита ба Ҷунайдулло Умаров, зодаи ноҳияи Рӯдакӣ муовини раиси ҲНИТ изҳор намуд, ки ӯ низ ҷангии мухолифин буда, замоне коменданти шаҳри Душанбе ва сипас дар вазифаи сардори нозироти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ кор кардааст.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба ҳодисаи тирппаронӣ дар гардиши фурудгоҳи пойтахт ВКД алҳол ҳеҷ гуна изҳороти расмӣ пахш накардааст.


Акс аз ҷойи тирпарронӣ дар гардиши фурудгоҳ

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.